Коршинос: Биолабораторияҳои Қазоқистон барои Русия хатар доранд

Дар Қазоқистон лабораторияҳои биологии ИМА мавҷуданд, ки барои мамлакатҳои дигар хавфноканд. Дар ин бора ба IA REGNUM рӯзи 4-уми апрел узви Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳои назди президенти Русия, сиёсатшинос Богдан Безпалко хабар додааст.

«Биолабораторияҳое, ки дар онҳо таҷрибаҳои хатарнок бо ҳадафи эҷоди силоҳи биологӣ гузаронида мешаванд, на танҳо дар Украина ҳастанд»,- гуфтааст коршинос. Ба гуфтаи сиёсатшинос, чунин озмоишгоҳҳо дар он кишварҳое низ ҷойгиранд, ки муттаҳидони Русия маҳсуб мешаванд. Ҳамин тавр, дар территорияи Арманистон ва Қазоқистон як қатор лабораторияҳо ҷойгиранд.

Яке аз лабораторияҳои дорои сатҳи махфияти баландтарин, BSL4, чанде пеш дар деҳаи Гвардейскийи ноҳияи Кордаи вилояти Ҷамбул таъсис дода шудааст, ки ин маънои онро дорад, ки таҷрибаҳо бо штаммҳои хатарноктаринро дар он ҷо гузаронидан мумкин аст.

«Ғайр аз ин, сатҳи баланди махфӣ маънои онро дорад, ки мақомоти маҳаллӣ то андозае ин лабораторияҳоро назорат карда наметавонанд ва аҳолӣ ва қаламрав ба майдони озмоиши биологҳои ҳарбӣ табдил меёбад. Аммо бадтарин чиз он аст, ки фаъолияти ин озмоишгоҳҳо метавонад барои Русия ва барои дигарон хатарнок бошад”,- хулоса кардааст Безпалко.

Ёдовар мешавем, ки Агентии коҳиши таҳдидҳои дифои Иёлоти Муттаҳида (DTRA) даҳҳо лабораторияро дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон ташкил кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *