Кортҳои бонкии 29 ҳазор нафар муштариро бастанд

Миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ Бонки иқтисоди хориҷии Туркманистон кортҳои бонкии 29 ҳазор муштарии Visa-ро баст. Ин дар ҳолест, ки дар Туркманистон ҳамагӣ ҳудуди 30 ҳазор корти бонкии Visa нашр шудааст, хабар медиҳанд расонаҳо.

Дар натиҷаи баста шудани кортҳои бонкӣ ҳудуди 95 дарсади муштариҳои кортҳои бонкии Visa дар хориҷ аз дастрасӣ ба маблағҳояшон маҳрум шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳо, танҳо наздикони президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва бархе аз тоҷирон метавонанд аз кортҳои бонкии Visa истифода баранд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *