Корвони китоб дар вилояти Хатлон
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар корвони фурӯши китоб баргузор гардид. Ин иқдоми муҳим аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон амалӣ карда шуд.
Бо баргузории корвони китоб ба 11 китобхонаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кам не, 3 ҳазору 150 номгӯи китобҳои гуногун туҳфа карда шудааст.
Содиқи Завқӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги кишвар дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, мақсад татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз 3-юми апрели соли 2021 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул шудааст.
Дар намоиш-фурӯши китоб шумораи зиёди сокинон, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту идораҳои шаҳрию вилоятӣ иштикор карда, китобҳои писанди хешро бо нархи нисбатан паст дастрас намуданд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ