Корвони уштурҳо ба пешвози Мирзиёев

Насби муҷассамаи корвони уштурҳо дар шоҳроҳи Турсунзодаро мақомот рамзи дӯстии тоҷикону ӯзбекҳо номиданд. Ин ду корвони пур аз бор – яке аз Самарқанду Бухоро дигаре аз Хатлону Ҳисор –  ба истиқболи президенти Ӯзбекистон, ки қарор аст рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ояд, сохта шудаанд.

Пештар сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев — Комил Алламҷонов дар Фейсбук хабар дод, ки Мирзиёев рӯзҳои 27-28 сентябр аз Тоҷикистон боздид мекунад.

«Дар рӯзи якуми сафар як қатор чорабиниҳои дуҷониба дар назар аст. Президент 28 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад. Баргузории гуфтугӯҳо дар доираи хурду васеъ ва имзои як қатор санадҳо дар назар аст», — навишт сухангӯи президенти Ӯзбекистон.

Ба иттилои манобеъ, Мирзиёев дар ҷараёни сафари худ ҳамчунин аз корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода боздид хоҳад кард. Муҷассамаи уштурҳо низ дар роҳ ба сӯи ин корхона насб шудаанд.

Абдуфаттоҳ Раҳмонов, раиси деҳаи «Ҷовидон» мегӯяд, “корвонҳои сохташуда анъанаи гузаштагони моро ифода мекунад. Пештар аз Хатлон ба Ӯзбекистон бор бурда ва аз он тараф мол меоварданд. Ин анъанаҳои миллии тоҷикиро нишон медиҳад».

Ду корвони иборат аз 12 шутурро ҳунармандон аз Ховалинг дар якуним моҳ сохтаанд. Мақомот мегӯянд, ин уштурҳо аллакай таваҷҷуҳи сайёҳонро ҳам, ки аз ин роҳ мегузаранд, ба худ ҷалб кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *