КОРЗИНА #12 бо Таҳмина Раҷабова
Бале, бале ва боз бале! Ҳам туҳмат, ҳам хиёнат ва ҳам бисёр ноадолатиҳоро дидам, аммо инҳо муҳим нестанд, балки муҳим он аст, ки Таҳмина аз он таззодҳо чӣ гуна таҷриба гирифту чӣ гуна шахсият шуд”,- мегӯяд, Таҳмина Раҷабова.
Таҳмина Раҷабова, ровӣ, ҳунарпеша ва коргардони оянда дар барномаи “Корзина”—ютубканали pressa.tj аз чӣ гуна аълочии матбуот гирифтанаш, нақли такрор ба такрори ҳаёти талхи гузашташ, бетартибиҳо ва “коммент”-ҳои бади обуначиҳояш, “пранк”-и дар “Сафина” кардааш бо Талабшо Муқимов, сазовор шудан ба ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи зан» дар филми «Марде дар орзуи зани панҷум» ва дигар навигариҳои эҷодият гуфт.
Инчунин дар барномаи иттилоотии “Навид”, ки пахши мустақим буд ва Таҳмина ханда карда буд, ёдовар шуда, тасмимҳои баъдии маъмурияти телевизионро кушоду равшан ёдовар шуда, аз ҷараёни аз телевизион баромадану дар мактаби олии Русия таҳсил карданаш қисса кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ