Кошонаи ҳусн, ҳаммом ва ошхона дар хобгоҳи ДМТ (аксҳо)

Имрӯз, 2-юми ноябр дар саҳни хобгоҳи рақами 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бинои дуошёнаи маҷмааи маишӣ — хизматрасонии «Сафои донишҷӯ» ба фаъолият оғоз кард.

Маҷмааи маишӣ хизматрасонии «Сафои донишҷӯ » бо ҳузури вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ректор донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар устодону шогирдон кушода шуду мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои масъулин «Сафои донишҷӯ» иборат аз кошонаи ҳусн, ҳаммом ва ошхона мебошад, ки барои донишҷӯёни ДМТ аз ҳар ҷиҳат туҳфаи хуб аст.

Масалан, Зебониссо Мирзоева, яке аз донишҷӯёни ДМТ, ки дар хобгоҳ иқомат мекунад, дар ин бобат чунин назар дорад:
“Ифтитоҳи ин бино аз бисёр ҷиҳат ба донишҷӯён муфид аст. Махсусан, барои донишҷӯёне, ки ятим ё нимятим ҳастанд, метавонанд, ки баъд аз дарс дар ин ҷо ба кор дароянд ва ба ин минвол то андозае шароити иқтисодияшонро беҳтар кунанд”.

Гуфта шуд, ки бинои мазкур бо дастгирии раёсати донишгоҳ аз тарафи ҶДММ «Строй — гаранг» давоми ду сол сохта шуд.

«Сафои донишҷӯ» аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳаммоми занона ва мардона, ки метавонад 50 нафарро дар алоҳидагӣ қабул кунад. Дар ошёнаи дуюми бино кошонаи ҳусн ва сартарошхона мавҷуд аст, ки барои 4 нафар дар алоҳидагӣ пешбинӣ шудааст ва ҳамчунин ошхона барои 100 нафар дар як баст фаъолият мекунад.

Сарвинози Сайдалӣ,

коромӯзи Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *