Кошонаи ҳусн-фоҳишахона

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 54-солае хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, дар шаҳри Душанбе се фоҳишахона доштааст. Як фоҳишахона дар манзили иҷораи ӯ ва ду фоҳишахонаи дигар бо номи «кошонаи ҳусн” амал мекарданд. Аз аввали моҳи июл дар Тоҷикистон алакай 6 фоҳишахона ошкор шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 24 июл кормандони раёсати кофтукоби ҷиноии ин вазорат як марди 54-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансурро бо гумони ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дастгир кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, боздоштшуда рӯзи 24 июл «дар кӯчаи Лоҳутӣ манзилеро муваққатан ба иҷора гирифта, ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 28-сола ва зани 29-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 1000 рубли Федератсияи Россия мукофотпулӣ гирифтааст.»

Ин мард ҳамчунин ба он айбдор мешавад, ки дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт толори ҳусн кушода, онро ҳам ба фоҳишахона табдил додааст: «Номбурда рӯзи 21-уми июли соли 2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 36-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 140-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.»

Ин мард, ба гуфтаи мақомоти умури дохила, дар кӯчаи Айнӣ низ як кошонаи ҳусн дошт, ки онро ҳам ба фоҳишахона табдил дода буд: «номбурда 19-уми июли соли 2017, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар кӯчаи Айнии пойтахт ба шаҳрвандон: марди 35-сола ва зани 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.»

Дар Тоҷикистон танфурӯшӣ ба сари худ ҷиноят ҳисоб намешавад, вале моддаи 239-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона ва даллагӣ ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи аз 50 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ ваё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *