Косметологҳо дар Тоҷикистон соҳиби ассотсиатсия мешаванд
Масъалаи таъсиси Ассотсиатсияи косметологҳои Тоҷикистон зимни ҷаласаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода баррасӣ шуд.
Вазир вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббии марказҳои хусусии косметологии мамлакат иброз намуд, ки кормандони ин марказҳо бояд аз машғулиятҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ гузашта, бо сертификати косметологӣ таъмин бошанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 17 маркази косметологӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 11 адад дар шаҳри Душанбе ва 6 адад дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор дорад.
Пешниҳод шудааст, ки мушкилоти соҳаи мазкур бояд дар нишастҳои ассотсиатсия баррасӣ гарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ