КОВИД 19: Сабаби марг ва соати ҷанозаи Убайдулло Раҷабов дақиқ шуд

Ҷанозаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов имрӯз , 1 юл, соати 18:30 дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора ба pressa.tj яке аз пайвандони ҳаҷвнигор хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳаҷвнигор ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Убайдулло Раҷабов дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт. Радиои “Озодӣ” дар такя ба манобеъи хеш омили марги ҳунармандро сироят ёфтан аз КОВИД-19 гуфтааст.

Аҳли ҳунари тоҷик марги Убайдулло Раҷабовро талафоти калони санъати тоҷик арзёбӣ мекунанд.

Ортиқ Қодиров, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки бо Убайдулло Раҷабов ҳамкорӣ дошт ва ӯро устоди худ медонад, марги ӯро бо дард қабул кардааст.

«Убайдулло Раҷабов дар театри тоҷик соҳибмактаб буда, марги ӯ талафоти бузург дар санъату ҳунари тоҷик аст. Бо Убайдулло Раҷабов дар саҳнаи театри Лоҳутӣ чандин нақшҳо бо ҳам офаридаем ва дар сафарҳо бо ҳам будем. Дар соли 1991 бо имзои шаҳрдори пешини Душанбе Мақсуд Икромов театри намунавии «Оина»-ро таъсис дод, ки як мактаби бузурги санъати театр аст ва даҳҳо шогирдони болаёқат дар ҳалқаи худ тарбият кард.»,-гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *