“Коза Ностра” боз бероҳбар монд
Роҳбари нави «Коза Ностра», гуруҳи мафиёии Ситсилия, дар Италия боздошт шудааст.
Идораи Ситсилия дар кори мубориза бо мафия рӯзи сешанбе гуфтааст,ки 46 узви гурӯҳи «Коза Ностра», бо шумули роҳбари ин гурӯҳ Сеттимино Минеоро боздошт кард. Онҳо ба нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, пулситонӣ ва фаъолияти мафиёӣ муттаҳам шудаанд.Ба гуфтаи тафтишот, Сеттимино Минеои 80-сола моҳи ноябри соли гузашта баъди марги раҳбари собиқи гурӯҳ Тото Риина сарвари «Коза Ностра» шуд.Мақомоти ҳифзи қонуни Италия қаблан дар бораи Минео маълумот доштанд. Ӯ ду дафъа барои фаъолияти мафиозӣ ба муддати 5 ва 11 сол зиндонӣ шуда буд.Гурӯҳи ҷиноии «Коза Ностра» авалҳои асри XIX дар Италия зуҳур кард. Дар ибтидо онҳо аз моликони киштҳои апелсин ва заминдорони бузург ҳимоя мекарданд, аммо дар асри XX ба бандитизм машғул шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ