Кремл ва Қасри Сафед: Ҷанги ҷосусӣ ва шиддати вазъият

Тавре, ки имрӯз  “Вашингтон пост” хабар медиҳад, давоми рӯз баъд  дар НТВ намоиш додани навори ҳамлаи кормандони хадамоти махсуси Русия ба шаҳрванди Амрико дар даромадгоҳи сафорати ИМА дар Маскав, Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки  ду дипломати Русияро аз кишвараш хориҷ месозад.Ба ду дипломати Русия, ки то ҳануз номҳояшон маълум нест, дастур шуд, ки рузи ҷуъма, 17 июн ИМА-ро тарк кунанд. Хотирнишон месозем, ки ҳодисаи кашмакаш дар назди сафорати ИМА дар Москав 6 июн сурат гирифта буд.

Ин субҳ Русия  изҳор дошт, ки дар ҷавоб ба амали ИМА ду дипломати Амрикоиро аз Русия ронд.

Ин  ҷанги ҷосусӣ на танҳо боиси шиддати вазъ миёни ин ду кишвар, балки ҷаҳон гаштааст. Дар заминаи мушкилоти муносиботи ин ду кишвар ба иртиботи ҳодисоти Украина ва Сурия гунаҳгорсозии тарафҳо идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *