Криста Пиккат: Нақши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО калидӣ аст

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазир Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо роҳбари дафтари минтақавии ЮНЕСКО Криста Пиккат баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, зимни мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкориҳои зич ва пайваставу назарраси Тоҷикистон ва ЮНЕСКО изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон, масъалаи коркарди номинатсияҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО баррасӣ шуд.

Дар мулоқоти мазкур вобаста ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ низ муҳокимаҳо сурат гирифта, ҷонибҳо ташаббусҳои зиёдеро ҷиҳати воридшавии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар ЮНЕСКО ба нақша гирифтаанд, ки амалишавии онҳо дар соли ҷорӣ дар назар аст.

Криста Пиккат ишора кардааст, ки нақши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди фаъолияти ЮНЕСКО дар ҷумҳурӣ калидӣ мебошад, зеро фарҳанг сутуни асосии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *