Кристинаи даванд рекорди 34 сол пешро шикаст
Варзишгари сабук Кристина Пронженко дар дави 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 59,70 сония рекорди ин намуди варзишро дар Тоҷикистон дигар кард.
Рекорди қаблии ин намуди варзиш ба 59,78 сония баробар 34 сол пеш гузошт шуда буд. «Бисёр хушҳолам, ки тавонистам рекорди нави миллӣ барпо кунам. Пеш аз давидан эҳсос доштам, ки метавонам рекордшиканӣ кунам», — гуфтааст Кристина дар суҳбат бо хабарнигори «Sputnik Тоҷикистон”.
К. Пронженко, ки дар варзиши сабук Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Рио-2016 намояндгӣ карда буд, акнун барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалии Бишкек ва Алммато, ки ҳамин моҳ баргузор мешаванд, омодагӣ мебинад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ