Кризис ба Эсхата ҳам зарар расондааст
Бонки «Эсхата», ки аз он яке аз ниҳодҳои муваффақи молӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, ахиран эълон кард, ки 10 дарсади кормандонашро ихтисор кардааст.
Масъулини бонк мегӯянд, дари чанд маркази хизматрасониашонро бастаанд. Ихтисори кормандони «Эсхата» дар пайи ивазшавии роҳбарият дар ин бонк сурат мегирад, ки бо тавсияи Бонки миллӣ анҷом шуда буд.
«Бӯҳрон ба кори бонк бетаъсир набуд»
Масъулини дафтари матбуоти Бонки «Эсхата» рӯзи 23-юми июл дар сӯҳбат тасдиқ карданд, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон 10 дарсади кормандонашонро ихтисор карданд.
Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 % интиқоли маблағҳо тавассути ин бонк сурат мегирад ва ҳудуди 40 % қарзҳои муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба “Эсхата” тааллуқ дорад.
Манбаъ афзуд, як қисми коргарон бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва қисми дуюм дар натиҷаи аттестатсияи кормандон шуғлашонро аз даст доданд.
Чун ба қавли масъулини бонк, дар шаш моҳи соли равон баъзе марказҳои хизматрасонии бонкиро бастанд. Аммо феълан маълум нест, ки 10 дарсади кормандони «Эсхата» чанд нафарро ташкил медиҳанд.
Бӯҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон се сол аст, ки идома дорад ва дар пайи он даҳҳо кормандони бонкҳо ҷойи корашонро аз даст доданд. Бахусус қисми аъзами кормандони «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ба сафи бекорон пайвастанд.
Аммо ин аввалин ҳолатҳое аст, ки 10 дарсади кормандони бонки «Эсхата» низ бе ҷойи кор мемонанд. Масъулини бонки «Эсхата» рӯзи 23-юми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бӯҳрони бонкӣ ба ин ниҳоди молӣ низ бетаъсир намондааст.
«Дар кори бонк камбудӣ ошкор шуд»
Ихтисори 10 дарсади кормандони бонки «Эсхата» дар пайи як тағйироти кадрӣ иттифоқ меафтад, ки дар оғози соли равон анҷом шуда буд. Моҳи феврали соли равон Хуршед Носиров аз роҳбарии бонки «Эсхата» сабукдӯш ва зимоми раҳбарии ин бонк ба дасти Акбар Назаров гузашт. Намояндагии Бонки миллӣ моҳи феврали соли равон гуфта буданд, дар кори бонки «Эсхата» камбудиҳо ошкор шуданд.
Наврӯз Валиев, раҳбари намояндагии минтақавии Бонки миллӣ дар вилояти Суғд дар нишасти хабариаш рӯзи 5-уми феврал гуфт, ки раҳбарони бонки «Эсхата» ва созмони қарздиҳии «Имон Интернешнл» на бо роҳи иҷборӣ, балки танҳо бо тавсияи Бонки миллӣ иваз карда шуданд.
Вале ба қавли ӯ, ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки чанд санҷиш дар фаъолияти ин ниҳодҳои молӣ камбудҳоро дар паҳлӯҳои гуногуни фаъолияташон ошкор кард.
Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 дарсади интиқоли маблағҳо тавассути ин бонк сурат мегирад ва ҳудуди 40 дарсади қарзҳои муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба “Эсхата” тааллуқ дорад.
Бонки «Эсхата» солҳои 1993-94 ташкил шудааст. Масъулини бонк мегӯянд, феълан 23 филилал ва беш аз 200 маркази хизматрасонӣ доранд. Ба иттилои БМТ, саҳмияҳои бонк дар дасти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва се нафар бо насаби Носировҳо мебошад.
Мулораҷаб Юсуфӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ