Ксения Собчак аз ИМА узр пурсид

Номзад ба мақоми президентии Русия Ксения Собчак рӯзи 8 феврал аз барои дахолати Кремл дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико узр пурсид.

Ӯ дар суҳбат бо шабкаи телевизионии CNN гуфт, агар дар ҳақиқат, рахнагарони рус ба интихоботи ИМА таъсир расонда бошанд, «ин бисёр таассуфовар аст». Собчак ҳамчунин даъват кард, ки Русияро дар инзиво нагузоранд ва ба кишвар имконият диҳанд, то дар равандҳои байналмилалӣ иштирок кунад.

Интихоботи президентии Русия 18 марти соли равон баргузор мешавад. Собчак дар он аз Ҳизби «Ибтикори шаҳрвандӣ» номзад шудааст. Расонаҳо борҳо Собакро ба ҳамкорӣ бо маъмурияти президенти Русия айбдор карданд. Вале шореҳи рус ин иддаоро рад карда, худро номзади «зидди ҳама» меномад.

Дар баробари Собчак, Сергей Бабурин аз «Иттиҳоди умумимардумии Русия», Павел Грудинин аз Ҳизби коммунист, Владимир Жириновский аз Ҳизби либерал-демократӣ, Максим Сурайкин аз «Коммунистҳои Русия», Борис Титов аз «Ҳизби рушд», Григорий Явлинский аз «Яблоко» ва Владимир Путин ҳамчун худпешбар номзадии худро дар интихобот пешниҳод кардаанд. Мухолифи рус Алексей Навалнийро барои доштани собиқаи судӣ ба интихобот роҳ надоданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *