Куҳансолони Тоҷикистон киҳоянд?

Дар қаламрави Тоҷикистон феълан 72 нафар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора Ҷамшед Нурмуҳаммадзода — раиси Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон хабар дод.

«Дар миёни онҳо 34 мард ва 38 зан ҳастанд»,- афзуд Нурмуҳаммадзода. Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки тибқи омор, ба санаи 1-уми январи соли 2023 шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон 10,07 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Ба ин шумора ҳам тоҷикон ва ҳам ақаллиятҳои миллӣ — ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо, қазоқҳо ва намояндагони дигар миллатҳо дохил мешаванд. Ба иттилои мавсуф, ҳоло дар кишвар зиёда аз 5 миллион қувваи корӣ ҳаст, ки аз ин шумора 2,5 миллионро қувваҳои кории фаъол ва 53 ҳазорро бекорон ташкил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *