Ку маоше, нархи бозорро занад?

Раҷаб Саидӣ шоири ширинсухану рангинхаёл аст. Барои ҳаводорони шеъраш соддаву равон менависад. Бештари шеърҳояш дар мавзуҳои иҷтимоӣ эҷод шудаанд.  

МЕШАВАД

Ку маоше, зиндагӣ таъмин шавад,

Ку маоше, рӯзгор ширин шавад,

Ку маоше, орзу рангин шавад,

Нест имрӯз, лек фардо мешавад.

Ку маоше, чашм оламбин шавад,

Нархи орд чун аҳди Косигин шавад.

Арзиши як қуттӣ гӯгирд тин шавад,

Нест имрӯз, лек фардо мешавад.

Ку маоше, нархи бозорро занад,

Тоҷири бенангу беорро занад,

Беимон, марди рибохорро занад,

Нест имрӯз, лек фардо мешавад.

Ку маоше, ки ғизо арзон шавад,

Равғану гӯшт ҳафту даҳ сомон шавад,

Барқи тоҷик баҳрамон ройгон шавад,

Нест имсол, соли дигар мешавад.

Ку маоше, дидаҳо ҳақбин шавад,

Дую се сомон газу бензин шавад,

Бар ҳасудон хушҳолӣ қин шавад,

Нест имсол, соли дигар мешавад.

Ку маоше, нархи манзилро занад,

Арзиши ҷарроҳии дилро занад,

Нақшаи қаллоби ботилро занад,

Нест имсол, соли дигар мешавад.

АНДЕША

Як мушти хоки сардем, мо хокхислатонем,

Мо марди доғу дардем, дар нангу ор ниҳонем.

Шоҳномахони даврем, бо ёди пири Тӯсӣ,

Мо марди раҳнавардем, дар рӯи роҳ намонем.

Ашъори Мавлавиро мо бехато бихонем,

Шогирди он бузургем, дилпур, дар амонем.

Бо мисраҳои Ҳофиз, андарзу панди Саъдӣ,

Мо марди мардҳоем, мо мисли паҳлавонем.

Бо чашми сар бидидем хуни лаби Ҳилолӣ,

Аз ӯ сабақ гирифта, бар хасм беамонем.

Бо дасти сангбаста Собир даруни об аст,

Дар байни обу оташ мо мисли ӯ ҷавонем.

Завқи баланди Туғрал ошиқ намуд моро,

Содиқ ба ишқи поку бо ишқ ҷовидонем.

Ҳафтод зарбаи чӯб нақшест ба пушти Айнӣ,

Ҳар нақши пушти ӯро дар пушти худ бидонем.

Ҳар як нафас ғанимат аз баҳри рушди кишвар,

Фардои мо дурахшон, мо фахри ин ҷаҳонем.

ҶАНГ ЭЪЛОН МЕКУНАМ!

Бар алайҳи носавобон ҷанг эълон мекунам,

Ман баҳори носавобонро зимистон мекунам.

Пояи дор мебарорам ҳар хабиси шумро,

Ман хиёбони ҳасудонро биёбон мекунам.

То нагирам аз рикоб ман пои ҳар ношӯстарӯ,

Роҳату осудагии худ вайрон мекунам.

То насозам воизони ҳарзагӯро рӯсиёҳ,

Ин набарди беамонамро дучандон мекунам.

То насозам шоирони ёвагӯро бепаноҳ,

То ба охир ин амал аз рӯи виҷдон мекунам.

То насозам тавбагӯ ҳар як рибохори палид,

Ҷанг эълон мекунам, боз ҷанг эълон мекунам!

НОБУДӢ

Агар нобудӣ дар олам набудӣ,

Тамоми кори олам хуб будӣ.

Агар нобудӣ дар одам набудӣ,

Ҳаёти одамӣ ҳам хуб будӣ.

Агар нобуди олам буд будӣ,

Набудӣ кинадориву ҳасудӣ,

Набудӣ ҳиллаву найрангу гоҷӣ,

Набудӣ рӯи туршу бенамудӣ.

Агар нобудӣ дар олам набудӣ,

Ғаму андуҳро шодӣ рабудӣ,

Набудӣ эҳтиёҷ бар ришвахорӣ,

Ҳаёти одамӣ зебо намудӣ.

Агар нобуди олам буд будӣ,

Набуд ношӯстарӯӣ, бесаломӣ,

Намешуд фаҳш ин лаҳни табаррук,

Набудӣ мардикорию ғуломӣ.

Агар нобуди олам буд будӣ,

Тамоми ҳофизон онро сурудӣ.

Агар нобудӣ дар одам набудӣ,

Тамоми шоирон онро сутудӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *