Куҷо равам бо ин матои касмаёбу касмахар

Суҳбати ошкоро бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад ба синни 70 расиданд. Дар остонаи ин сана суҳбате доштем бо эшон, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

То 70 душвор буд…

-Устод, чанд рӯз пеш 70 — сола шудед. Дар ибтидо шуморо табрик мегӯям ва мехостам донам, ки як нависанда, синни 70 -ро чӣ гуна пешвоз гирифт ва дар кадом рӯҳия?

— То 70 — солагӣ мушкил буд, зеро маҷрои зиндагӣ на ҳамеша якмарому ҳамвор аст: афсурдагӣ, мушкилоти зиндагӣ ва дар баробари ин нақшаҳои эҷодӣ. 70 ба назарам муъҷиза аст. Зеро дар баробари он ки дар чандин вазифаҳо кор кардам, то андозае ба нақшаҳои эҷодиам, ки аз ибтидо назди худ гузошта будам, расида тавонистам. Ҳол он ки саломатии хуб надоштаму надорам. Шумо нағз медонед, ки наср кори саҳл нест, вақте шурӯъ кардӣ, дигар қафо гашта намешавад, бояд ба охир расонд, аммо на ҳамеша саломатӣ имкон медод, ки бароҳат кор кунам.

-Шояд ба ҳамин хотир дар интиҳои романи охиратон – китоби дувуми «Гардиши девбод» аз навиштани роман истеъфо додед?

-Бешубҳа. Чунин даъво ба хотири сиҳатии худи ман аст. Гипократ мегӯяд, ки ақли солим аз тани солим бармеояд. Тани солим, тавони хуб набошад, асари хуб ба вуҷуд намеояд. Асари ба зӯрӣ навишта ва сохта на ба фоидаи муаллиф аст, на хонанда ва на адабиёт.

-Вақте ҳамон ҷумлаҳоро менавиштед, чӣ эҳсос доштед?  

-Вақте он ҷумлаҳоро менавиштам, роман ба анҷом расида буд. Ин марҳилаи аз ҳама беҳтарин ва зебои зиндагии ман аст. Китоби дувуми романи «Гардиши девбод» як навъ таҷриба ҳам ҳаст ва  таҷрибаи ниҳоят душвор. Ин асар гӯё ҷамъбасти як марҳилаи муҳими эҷодиёти ман аст. Ман ва нависандагони насли ман ду марҳиларо аз сар гузаронидем: яке замони шӯравӣ, дигар замони истиқлол.  Замони шӯравӣ қаҳрамони мо аз ташвишҳо озод буду дар  тинҷиву амонӣ ба сар мебурд. Вале яку якбора Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрду давлати мо ба ҷанг печид ва марҳилаи дувуми зиндагӣ оғоз ёфт.  Ин марҳила комилан мухолифи зиндагии пешина буд: ҳам авзои ҷомеа, ҳам авзои сиёсии кишвари мо ва ҳам тақдиру сарнавишти миллати мо. Ин фоҷиаи сангин буд, ки ба сари мо омад. Инро дарк намудан, таҳлилу хулоса кардан бисёр душвор аст. Бисёриҳо дар ин давра хаёлӣ шуданд, зеро армонҳояшон аз байн рафт. Китобҳояшон пеш аз худашон ба нестӣ рӯ ба рӯ шуд.

-Шумо ин марҳиларо чӣ гуна пушти сар кардед, зеро якуякбора ғояҳои зиндагӣ, ғояи эҷодӣ аз байн рафт. Чӣ тавре гуфтед, қаҳрамонони нависандаҳо пеш аз худашон фавтиданд…

-Ман кӯшидам, ки мувозинатро нигоҳ дорам. Дар ин марҳилаҳои сангин мувозинатро гум накарда, роҳи эҷодиро идома додан ва ба манфиати адабиёт хизмат кардан, фикр мекунам муваффақият аст. Аз он шодам, ки  аз қаҳрамон ва асарҳое, ки дар он давра, дар марҳилаи аввал офаридам, пушаймон нестам. Ҳадафҳои қаҳрамонҳоям, ки бештар инсонгароӣ ва некӣ буд, аз байн нарафт. Албатта, марҳилаи дувуми эҷодиётам, шурӯъ карда аз қиссаи «Маҳбус» бештар армонҳои миллиро фаро гирифт. Яъне, ман аз дигаргун шудани рӯзгор истифода карда, кӯшидам, ки ба армонҳои миллӣ ба таҳқиқи бадеии рӯзгори миллат машғул шавам. Ин ҷараён дар эҷодиёти ҳамаи адибони насли мо пайдо шуд. Шоиру нависандагони мо якбора ба мавзӯъҳои миллӣ, ба асолати миллӣ рӯй оварданд.

-Оё адабиёти тоҷик тавонист, ки дар таҳқиқи бадеии армонҳои миллӣ муваффақ шавад?

-Сатҳи асарҳоро баҳо дода наметавонам, аммо ҳар кас ба қадри тавон ва ҳунари худ коре кард. Дар ин ҷода муваффақиятҳои калон ҳам ҳастанд. Масалан, эҷодиёти устод Лоиқро чӣ гуна метавонем муваффақияти адабиёт наномем? Ҳам Бозор Собир, ҳам Гулназару Гулрухсор  ва Ҳақназар Ғоибу Фарзона дар эҷодиёташон ба дардҳои миллат зиёд рӯй оварданд.  Дар наср низ. Аммо раванди инъикоси характери миллӣ ва ғояҳои миллӣ дар наср аз устодон Айнӣ, Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев оғоз шуду нависандагони баъдӣ, насли мо ин равандро тақвият бахшиданд. Масалан Сорбон, Кӯҳзод, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо баъди инҳо Сайф, Ҷонибек, Баҳманёр, Муҳаммадзамон, Абдурофеъ корҳои беназире карданд. Насри мо чизҳои хубе дорад. Дар умум баъди солҳои 60-ум адабиёти мо ҷилои тоза гирифт. Дар ин раванд хидмати маҷаллаи «Садои Шарқ» ва сардабирони он Убайд Раҷаб ва Лоиқ бузург аст. Талоши нав кардани ҷараёни адабӣ, нав кардани муҳити адабӣ аз ҳамин маҷалла оғоз шуд. Мутаассифона,  таҳқиқи мо ҳанӯз бисёре аз чеҳраҳои адабиёти он давраро нашинохтааст. Масалан Ғаффор Мирзо:

Тоҷикам ман,

ифтихорам аз гузашта бо дами шамшер нест, —

чунин гуфтан дар он замон, ҳатто чун шиор осон набуд. Ё эҷодиёти Ансорӣ:

Дар забони миллати ман ишқ ин покизагист.

Ҳар касе ошиқ набошад, одами покиза нест.

Ва ҳамин тавр равоншод Мастон Шералӣ:

Беватан нест  ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар Ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.

Ё ки Ҳабибулло Файзулло, ки дар 35 — солагӣ вафот кард:

Аз соҳиле ба соҳиле танҳо гузаштаам.

Оташ ба дил ман аз дили дарё гузаштаам.

Ин гапи одӣ нест. Ё боз мегӯяд:

Суруди мо, ки аз гавҳораҳо оғоз меёбад,

Ба анҷомаш сари китфаш кашонад тобути моро.

Моли асили адабиёт бояд тобути адибро баланд бардорад. Мо чунин осори зебое дорем дар адабиёти он даврон. Мутаассифона, ин адибон дар сояи бузургон пинҳон мондаанд ва мо то имрӯз онҳоро нашинохтаем.

Бонги хатар бояд зад…

-Он чизе ки шумо мегӯед, яъне наслҳои пай дар пайи адабиёт занҷираро мемонад. Аммо дар замони  истиқлол ин занҷира мисле,  ки канда шуд. Насли нави адабиёт ба вуҷуд наомад.

-Бубинед, ин раванд аз устод Айнӣ оғоз мешавад. Вақте эшон ба майдони адабиёт омаданд, давраи оғози адабиёти нав буду муҳиту фазо комилан холӣ. Бинобар ин, бо роҳбарии Айнӣ ва сарпарастии Лоҳутӣ ҳатто аз дурдасттарин навоҳӣ соҳибитеъдодҳо ҷамъоварӣ гардиданд. Ин марҳила то устод Турсунзодаву Мӯъмин Қаноат идома ёфт. Хидмати Муҳаммадиев дар ин замина бузург буд.   Аммо дар марҳилаи солҳои 90-ум ҳама чиз пароканда шуд. Балки сӯхтан бисёр шуд. Эҷодиёти устод Лоиқро бинед, махсусан китоби «Фарёди бефарёдрас» саропо сӯхтан аст. Ё устод Кӯҳзод, ки ба таври худ месӯзад. Эҷодиёти Гулназару Гулрухсору Бозор низ ҳамин тавр аст. Раванди зиндагӣ тағйир ёфт, рӯҳияи ҷавонҳо дигар шуд.  Хаёли мардумро маънавиёт не, балки вешизм – чизпарастӣ банд кард. Либосҳо зебо, рангоранг, аммо ботин тиҳӣ. Зоҳир ба ботин созгор нест.

-Чаро чунин шуд?

-Барои он ки зиндагӣ шикаст. Ҳадафҳо аз байн рафт. Пештар як деҳаро ба номи як муаллими беҳтарин, ба номи фозилу донишмандаш мешинохтанд. Аммо баъди  солҳои 90 ба номи командирҳо. Имрӯз бо номи сарватманду мансабдорон. Ин воқеияти зиндагии мост. Шароити сиёсиву иҷтимоии ҳар давра ба хулқу атвори мардум ва адабиёт таъсир мерасонад. Мо ҳам чунин ҳолатро аз сар гузаронидем. Бубинед, фарҳанги китобхонӣ қариб аз байн рафт. Бояд бонги хатар зад.

-Воқеан, бубинед аввалин китоби шумо 7 ҳазор нусха чоп шудааст, ҳоло шумо Нависандаи халқӣ китобатон 1000 нусха мебарояд. Ҳастанд нафароне, ки 100 — 200 нусха ҳам чоп мекунанд.

-Мутаассифона. 100 ё 200 нусхае, ки мегӯед, китобҳои худнашр ҳастанд. Давлат 1000 нусха чоп мекунад. Ман хушбахтона, то имрӯз барои нашри ягон китобам назди касе рафта, пул талаб накардаам. Худо ин рӯзро нишон надиҳад. Ин муҳтоҷист. Дар баробари ин як масъалаи сангин вуҷуд дорад: паҳн кардани китоб, ки то ҳол ба танзим надаромадааст.  Имрӯзҳо дар Хуҷанд китобҳо бо сифати баланд чоп мешаванд, аммо то Душанбе омада намерасад. Баръакс, китоби дар Душанбе нашрмешуда ба Бадахшон намерасанд. Хайрият, ки корвони китоб вуҷуд дорад.

-Зеро теъдод кам аст. 200 нусха китобро то куҷо мефиристанд?

-Гап дар теъдод не, балки дар хоҳиш аст. Пештар як девони Ҳофиз дар Шероз хаттотӣ мешуду то Панҷакент меомад ё Маснавӣ дар Ҳиндустон рӯйбардор шуда, ба Бухоро мерасид. Миллати мо фарҳанги китобхонӣ дорад ва набояд ин арзиши азалиашро аз даст диҳад. Ҳозир, мутаассифона, фарҳанги маҷаллахонӣ, китобхонӣ комилан паст шудааст, ҳатто дар байни худи нависандагон. Пештар Акбари Турсуни он вақт ҷавон ва ҳоло академик дар кӯча қадамзанон рӯзнома мехонд. Мо ӯро дида, пайравӣ мекардем. Ҳозир дар кӯчаҳо нафари китобхону рӯзномахонро мебинед? Нависандаҳоямон, муаллимони донишгоҳ, муҳаққикон аз хондан дур шудаанд, чӣ гила аз мардум. Бигзор  аз ман биранҷанд, аммо ин ҳақиқати зиндагии мост.

30 дафтари рӯзнома ва шеърҳои нашрнашуда

-Устод дар ибтидои суҳбат дар мавриди нақшаҳои эҷодӣ ҳарф задед. Оё он иҷро шуд?

-Дар навиштан аслан иҷро шуд. Аз рӯи нақшае, ки дорам, ду — се китоби дигарро бояд тартиб дода нашр кунам. Повесту ҳикояҳо, китоби эссе ва очеркҳо, мақолаҳо, ки дар мавзӯъҳои гуногун дар матбуот чоп шудаанд. Дигар қариб 30 дафтар рӯзнома дорам, ки онро ҳам мехоҳам ба танзим дароварда, ба нашр супорам. Ин корҳоро агар худам накунам, касе аз уҳдаи он намебарояд.

-Шумо шеър ҳам менависед. Гоҳ – гоҳ дар рӯзномаҳо мехонем. Нияти дар шакли китоб нашр кардани онро надоред?

-Бале. Ман шеърро дӯст медорам. Шеър шираи сухан аст. Фалсафа, ҳикмат ва сухан дар адабиёти мо дар шеър гирд омадааст. Агар мо хоҳем, ки забони асарҳоямон шевову хоно ва ба манфитаи хонанда бошад, бояд шеърро донем. Шеърҳои ман як дафтар аст, ки як китобча мешавад ва насиб бошад,  чоп хоҳад шуд.

Адабиёт ва давлат

-Давлат ва адабиёт. Муносибати инҳо чӣ гуна бояд бошад?

-Зич. Адабиёт армонҳои давлатии мо, қаҳрамонҳои миллии моро тараннум мекунад. Адабиёти асил посбони расму суннатҳои миллӣ аст.

-Агар ғояҳои адабиёт ба ғояҳои давлат мувофиқат накунад чӣ?

-Чӣ хел?

— Шумо мегӯед, ки адабиёт тараннумгари ғояҳои давлатист. Аммо агар ғояҳои давлат ва  адабиёт мувофиқат накунанд -чӣ?

-Бояд арзишҳои миллиро ҳимоя кунад.

-Адабиёт чӣ функсия дорад?

-Тарбияи маънавии мардум.

-Оё мукин аст, ки адабиёт дар як замон лозим нашавад?

-Не, зеро дар ин ҳолат  мардум чеҳраи инсониашро гум мекунад.

 -Беҳтарин асари ватанӣ, ки дар 5 соли охир хондед? Оё чунин асар ҳаст?

-Бале, аз  Кӯҳзод, аз Сорбон аз Саттор Турсун, Афардӣ ва ғайра. Бубинед, асари адабиёт ҳама шоҳкор намешавад. Лекин як ҷиҳат дорад, ки муҳим аст. Масалан, «Ҳайҷо»-и устод Кӯҳзод дар бисёр ҷойҳо публитсистӣ иншо шудааст, аммо он факту лаҳзаҳое, ки аз хазинаҳои пешина овардаасту таърихи моро бозгӯ кардааст, хело арзишманданд. Ин корро ба ҷуз Кӯҳзод касе карда наметавонист.

-Мушоҳида кардаед, адабиёти муосири мо вақтҳои охир бештар ба публитсистика гароиш дорад. Худи шумо дар романи «Гардиши Девбод» аз ин шева зиёд кор бурдаед. То ҳадде, ки номи баъзе аз қаҳрамонҳоро воқеӣ овардаед.

-Ин тақозои замон аст. Ахиран як ҳикоя навиштам бо номи «Ёр дар бари  ёр», ки як рӯзи ҳаёти Турсун Ӯлҷабоевро баъди аз мансаб сабукдӯш шуданашон дар бар мегирад.  Ё қиссаи охиринам «Мистер», ки ба қарибӣ чоп мешавад, бештар ҷанбаи публитсистӣ дорад. Ба публитсистика рӯ овардани адабиёт талаботи замон аст. Ҳатто дар ин давра шеъри мо оҳанги публитсистӣ гирифт. Мо ҳам дар ҷавонӣ асарҳои Абрамов, Белов, Шукшин  ва Думбадзеро мехондем, ки ҷанбаи публитсистиашон бештар буданд.

Нависандаи ҷавон ва дарёфти нон

— Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ як ифода буд: — Қаҳрамони адабиёт – қаҳрамони замон. Ҳоло кист қаҳрамони адабиёт ва замон?

-Вазифаи асосии адабиёт офаридани қаҳрамони замон аст. Аммо дар сохтани қаҳрамон ҳар кас роҳи худро дорад. Масалан, Кароматулло Мирзоев бо шеваи худ аз мавзеи зиндагии худ қаҳрамон месозад. Ман аз 10- 20 характер як  қаҳрамон меофарам, Сорбон боз фаротар меравад, Баҳманёр армонҳои қаҳрамонҳояшро дар шакли ривоят меорад. Ҳамаи инҳо қаҳрамонони адабиётанд. Каҳрамони адабиёт ҳамон аст, ки бо ҷаҳони зебои ботинаш, бо дунёи поки ахлоқиаш бояд аз дигарон фарқ кунад.

-Истиқлолият ва замон нав мегӯему бевосита дар бораи ҷавонҳо фикр мекунем. Ба наздикӣ Иттифоқи нависандагон аъзои ҷавон қабул кард. Миёни 10 — 11 шоир, ҳамагӣ  2 нависанда. Ин чӣ таззодест?

-Воқеан, шоирон нисбат ба нависандаҳо фаъолтаранд. Мутаассифона, нависандаҳои ҷавони мо ангуштшуморанд. Аммо шукӯҳи адабиёт хулқу атвор, талош ва дарду армони миллат бештар дар наср, махсусан асарҳои ҳамосӣ ҷило медиҳад. Бояд мо ба носирони ҷавон, ки ҳамагӣ чанд нафаранд, бештар таваҷҷуҳ кунем. Ман ҳамеша шод мешавам, агар ҳикоя ё қиссаи марғуби нависандаи ҷавонро бихонам.

-Сабаб дар чист, ки ҷавонон ба наср даст намезананд?

— Сабаб дар он аст, ки нависанда аз ҳисоби эҷод соҳиби нону манзил шуда наметавонад.

-Чизе ки шумо мегӯед, байти машҳуреро ба ёд меорад:

Ҳунар намехарад аёму ғайр аз инам нест,

Куҷо равам бо ин матои касмаёбу касмахар.

Мунозира бо Марсел Пруст

 -Марсел Пруст, нависандаи франсуз барои кашфи инсон ва ҷаҳони ботинии ӯ як силсила суолҳо дорад. Барои шинохти шумо ҳам фикр мекунам, истифода аз суолҳои Пруст бемақсад нахоҳад буд. Агар мувофиқед, ба чанде аз он суолҳо посух диҳед.

-Бошад

 — Шумо дар мард чиро эътироф мекунед, ки нишони мардонагӣ бошад?

-Покизагӣ ва ростиро.

-Дар зан чӣ?

-Бештар покӣ ва садоқатро.

-Шоири дӯстдоштаатон кист?

-Аз устод Рӯдакӣ то меросбарони сазовораш…

-Чӣ навъи мусиқиро гӯш мекунед?

Ҳам мусиқии калассикӣ ва ҳам муосирро. Муҳим, ки мусиқии хуб бошад.

Нависандаи дӯстдоштаатон кист?

-Николай Гогол,  Лев Толстой, Нодар Думбадзе ва Фазлиддин Муҳаммадиев.

Тасаввур кунед, ки дар як ҷазирае меафтед, ки ҳақ доред, 3 китоб гиред. Кадом китобҳоро интихоб мекардед?

 -«Шоҳнома»,  девони Ҳофиз ва ҳикояҳои муаллим Муҳаммадиевро.

-Аз қаҳрамонҳои таърихӣ  киро дӯст медоред, ки бо ӯ вохӯрдан мехостед?

-Рустам.

-Кадом ҷанги дунёиро боадолатона мегӯед, ки дар баробари харобӣ овардан бояд ба вуқӯъ мепайваст?

Тамоми ҷангҳо зишт аст, аммо ҷангҳои алайҳи фашизм ва қувваҳои бадӣ ногузиранд.

-Дар кадом давлати дунё зистан мехостед?

-Дар Тоҷикистон албатта.

 -Тасаввур кунед, ки Абдулҳамид Самад не, аммо кӣ будан мехостед?

— Одам будан мехостам, ки ниҳоят душвор аст.

-Аз марг метарсед?

Не, ҳаргиз. Валодат қосиди марг аст.

-Дар куҷо мурдан мехоҳед?

-Хона ва хори ҷогаҳ нашуда…

-Агар ҳамин хел имконият даст диҳаду ба Худо рӯ ба рӯ шавед, аз ӯ чӣ мепурсед?

-Имон.

— Аз зиндагиатон розиед?

— Бале.  Аз сарнавишт ҷойи гурез нест.

-Ташаккур устод, барои чунин суҳбати ошкор.

Мусоҳиб

Одили Нозир

Аз идора: Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадро ба муносибати 70 — солагии ҷашни зодрӯзашон табрик гуфта, ба эшон саломатӣ ва ба корҳои эҷодиашон барор хоҳонанд.

Одили Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *