Кулвори Жээнбеков, ӯ ба Тоҷикистон бо чи меояд

Ташрифи Президенти  Қирғизистон ба Тоҷикистон

Ҳамсоякишвари Тоҷикистон- Қирғизистон пас аз дар қатори дигар кишварҳои пасошӯравӣ ба даст овардани истиқлолияти миллӣ чандин марҳилаи барояш тақдирсозро тай намуд. Ин кишварро дар Ғарб  ҳатто “ҷазираи демократия дар Осиёи Марказӣ” меномиданд.

Тӯли ин солҳо дар ин кишвар чанд президент иваз шуд ва баъзе аз таҳлилгарон ин ивазшавиҳоро “табаддулоти давлатӣ” ва баъзе дигарашон “интихоботҳои демократӣ” ном мебурданд. Аз оғози истиқлолияти кишвар дар Қирғизистон Аскар Акаев Президент интихоб гардид ва то соли 2005, то замони “инқилоби лолагӣ” ба  ин кишвар роҳбарӣ намуд. Минбаъд ӯ, ки зери фишори инқилобчиён тарки мансаб намуд, ба Русия паноҳ бурд ва то имрӯз дар он ҷо ба корҳои илмӣ машғул аст. Дар пайи ин “инқилоб” Президенти нав-Қурмонбек Боқиев сари қудрат омад, вале роҳбарии номуваффақонаи ӯ таҳти таъсири инқилоби нав, ки соли 2010 рух дод, ба поён расид. Худи ӯ минбаъд тарки кишвар намуда, ба Беларус паноҳ бурд ва шаҳрвандии ин кишварро ба даст овард. Дар ватанаш ӯро барои амалҳои коррупсионӣ ва куштори 77 нафар дар майдони марказии пойтахт  ба муҳлати 30 сол ғоибона ҳукми маҳбас доданд. Баъд аз ин дар Қирғизистон ҳукумати муваққатӣ таҳти роҳбарии Роза Отунбоева сари кор омад. Давраи роҳбарӣ ва  баъдан ба таври ихтиёрӣ ба Президенти тозаинтихоб  супоридани лаҷоми идораи кишвар обрӯи ин занро на танҳо дар кишвараш, балки дар арсаи байналмилалӣ баланд кард. Ӯро  то имрӯз чун намунаи роҳбари  воқеан демократитарин дар Осиёи Марказӣ  муаррифӣ мекунанд. Ҳукуматро аз дасти Роза Отунбоева дар интихоботи ғайринавбатӣ Алмосбек  Отамбоев ба даст овард ва то замони интихоботи президентии охирин, ки 15 октябри соли  2017 сурат гирифт, зимоми идораи кишварро дар даст дошт.

Дар ин сана бо гирифтани зиёда аз 54 фоизи овози интихобкунандагон Сооронбой Жээнбеков Президенти Қирғизистон интихоб гардид. Президенти тозаинтихоби Қирғизистон пагоҳ ба Душанбе меояд ва масоили марбут ба муносибатҳои ду ҳамсояро  бо  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҳокима мекунад. Жээнбеков кист  ва чӣ тавр сари қудрат омад? Президент Сооронбой Жээнбеков (ба шеваи тоҷикӣ Ҷиянбеков) 16 ноябри соли 1958 дар деҳаи Қара Қулҷаи ноҳияи Совети вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Ӯ аз қабилаи адиген ва қавми ҷору мебошад. (то имрӯз дар Қирғизистон намояндаи кадом    қавму қабила будан таъсири зиёде дорад). Фаъолияти  меҳнатиашро ҳамчун муаллими забони русӣ оғоз намуда, баъдан Донишкадаи хоҷагии қишлоқро бо ихтисоси зоотехник хатм кардааст. Дар мансабҳои гуногун, аз зоотехники совхоз сар карда, то мансаби Сарвазири Қирғизистон кор кардааст. Дар масоили сиёсӣ ҳамеша бо Алмосбек Отамбоев ҳамақида будааст ва дар интихоботи президентӣ низ аз пуштибонии ӯ бархӯрдор буд. Сооронбой дар  оилаи серфарзанди зиёиён ба камол расидааст ва 5 бародару 4 хоҳар дорад. Бародари калониаш академик Канторо Токтомоматов профессор, академик ва доктори илмҳои иқтисодӣ буд ва бародари дигараш як муддат вазифаи губернатории  вилояти Ҷалолободро ба дӯш дошт ва ҳоло сафир аст.  Жээнбеков соҳиби ду фарзанд-як писару як духтар мебошад.

Як сухани  Сооронбой Жээнбековро  то имрӯз бо шакли қирғизиаш, ки ҳангоми Сарвазир буданаш ба забон оварда буд, рӯзноманигорон такрор мекунанд.Ӯ ҳангоми шунидани ҳисоботи муовини раиси Агентии  давлатии архитектура ва сохтмон Алмосбек Абдуқодиров ба қаҳр омада гуфта буд: “Чык эшикке!” (Аз дар баро!). Тарзи роҳбарии Жээнбековро асосан серталабии ӯ муайян мекунад. Шояд ин хислати Президенти Қирғизистон минбаъд ба пешравиҳои ин кишвар ва оромию осудагии ҳамсояи наздиктарини мо мусоидат кунад. Аммо имрӯз бо кадом кӯлвор ӯ ба Тоҷикистон омадааст, ба зудӣ хоҳем фаҳмид.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *