Кумакҳои башарӣ ба хонаводаҳои аз сел осебдида
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идомаи кумакҳо ба аҳолии осебдидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сели 27-28-уми августи соли равон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, рӯзи 5-уми сентябри соли 2023 КҲФ бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ/Бюрои кумаки башардӯстонаи USAID дар кишвари мо ба 400 хонаводаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Варзоб ва 63 хонавода дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисор, ки дар натиҷаи омадани сел зарар дидаанд, кумакҳои башарӣ дар шакли маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, матрас, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об тақсим кардааст.
Инчунин, дирӯз, 6-уми сентябри соли 2023 ба 68 хонаводаи осебдида дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кумакҳо дар шакли маводи ниёзи аввалия, кӯрпаҳо, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об расонида шудааст.
— Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки ҷараёни он таҳти назорати КҲФ қарор дорад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ