Кумакҳои Президент ба мактаб-интернат расиданд

Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуданд.

Бино ба иттилои бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, кумакҳои мазкурро муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, муовини Вазири маориф ва илми кишвар ва дигар шахсони масъул тақдим намудаанд. Кумакҳо иборат аз сарулибос, шириниҳои солинавӣ буда, инчунин барои 125 нафар тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шудааст.

— Гуфта шуд, ки ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти Олии кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо, табақаи эҳтиёҷманди кишвар, ятимону бепарасторон ғамхорӣ мекунанд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *