Кумак ба беш аз 500 хонаводаи зарардида аз сел дар шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба 446 хонаводаи шаҳри Ваҳдат ва 90 оилаи ноҳияи Рӯдакӣ кумак дастрас кардааст.

Кумак аз маводи ғизоӣ, молҳои ниёзи аввал, курпаву бистари хоб, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об, лавҳаҳои поксозии оби ошомиданӣ иборат будааст.

Гуфта мешавад, ки ин кумак аз ҷониби Бунёди Оқохон, Барномаи озуқаи СММ ва созмони ҷамъиятии «Дили хайрхох» расонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *