Бахтиёр Назарзода

Кумаки Назарзода ба ниёзмандон дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои ниёзманд, бемор ва яккаву танҳо кумаки яквақта расонида шуд. Ин кори некро масъулин дар пайравӣ ба ташаббусҳои Роҳбари давлат дар арафаи Соли нави мелодӣ амалӣ мекунанд.

Дафтари матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад, ки дастгирии шахсони ятиму бепарастор ва оилаҳои ниёзманд аз фазилатҳои неки инсонб буда, амалӣ кардани ин кори хайр дар арафаи ҷашну маросими милливу тақвимӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

“Дар пайравӣ аз ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар ҳар иду ҷашн ба оилаҳои ниёзманд кумак мерасонад. Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба чанде аз оилаҳои ниёзманд орд, равған, шакару биринҷ, гӯшт, пиёз, картошка ва кумаки молиявӣ расонида шуд”,- меафзояд манбаъ.

Назарзода Бахтиёр, шаҳрдори Кӯлоб дар як суҳбати телефонӣ ба Pressa.tj гуфт, ки “кумак ба шахсони танҳо, ятимон ва оилаҳои ниёзмандро минбаъд низ идома медиҳем”. Ӯ мегӯяд, ки “дастгирии шахсони ниёзманд вазифаи мо масъулин аст”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *