Кумак кунед Ганҷина гум шудааст
Ганҷина Қаюмоваи 9-сола дар роҳи бозгашт аз бозор ба хона бедарак шудааст.
Уктам Қаюмов, падари Ганҷина имрӯз, 28 август гуфтааст, духтараш 25-уми август, соати 15:25 дақиқа аз назди Бозори марказии шаҳри Истаравшан бедарак шудааст. Ӯ афзуд, ки рӯзе қабл аз бедаракшавӣ Ганҷина аз вазъи саломатияш шикоят дошт: “Шаби 24-уми август гуфт шикамаш дард мекунад, ӯро ба беморхона бурдем, табибон муолиҷа карда гуфтанд, ягон бемории ҷиддӣ надорад ва Ганҷина ҳам гуфт, дард гум шуд. Ман бошам дар бозор фаъолият дорам ва рӯзи дигар ҳамсарам занг зада гуфт, ки Ганҷина боз худро бад ҳис мекунад. Дубора ӯро боз ба беморхона бурдем, пас аз истифодаи дору духтарам гуфт, сиҳат шудам”.
Ба гуфтаи Қаюмов манзили зисти онҳо дар наздикии бозори марказӣ буда, дар роҳи бозгашт барои хона якчанд чиз харидаму ба дасти Ганҷина додам ва гуфтам ба хона равад: “Аммо то ҳол бедарак мебошад”.
Уктам Қаюмов аз афроде, ки духтарашро дидаанд, ё дар борааш маълумот доранд, хоҳиш кард, ки тариқи рақамҳои 918 80 45 12 ва ё 92 753 33 55 тамос гиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ