Кумаки Акбар Ғуломов ба оилаҳои аз низоъҳои марзӣ зарардида

Акбар Ғуломов, соҳибкори шинохтаи тоҷик тасмим дорад, ба оилаҳои аз низоъҳои марзии охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кумакӣ пулӣ кунад.

Гуфта мешавад, ки Акбар Ғуломов, муассис ва Раиси Шӯрои директорони ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” ба ҳар як оилаи афсарону аскарони фавтида 10 000 сомонӣ, ба ҳамаи афсару аскарони захмгирифта 5 000 сомонӣ, ба ҳар як оилаи сокини фавтида 5 000 сомонӣ ва барои азнавсозии биноҳову хонаҳои харобгардида 100 тонна семент ҳамчун кумаки як ҳамватан равон мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  Акбар Ғуломов яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро, ӯ тавонист бо бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли семент кишварро аз вобастагӣ ба воридот раҳоӣ бахшад. Акбар Ғуломовро бисёриҳо ҳамчун саховатманд низ мешиносанд. Дар дилхоҳ иду чорабиниҳо ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекунад.

Корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент», ки марбут ба соҳибкори муваффақ Акбар Ғуломов мебошад, пештар  барои пешгирӣ аз коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 500 000 сомонӣ ҷудо намуд. Инчунин,  соҳибкор Акбар Ғуломов дар шаҳри Душанбе як мактаби замонавиро бо харҷи 42 миллион сомонӣ бунёд кардааст, ки ҳоло ба номи падараш Асадулло Ғуломов, собиқ Сарвазири мамлакат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *