Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба дасти эҳтиёҷмандони Афғонистон расид

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 тонна орди гандумро ба Афғонистон ирсол намуд.

Бино ба иттилои Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), ин кумаки башардӯстона ба зиёда аз 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди Афғонистон тақсим гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми ноябри соли 2021 бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба Афғонистон баргузор гардид. Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шуд.

Қаблан, дақиқан 26-уми августи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш доир гардида буд. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро аз ҷумла оид ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд. Ду ҷониб аз ҷумла дар робита ба вазъи ҷории ҳамсоякишвари Афғонистон табодули афкор анҷом доданд. Пешвои миллат таъкид намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳад ва онҳоро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зикри нақши муҳими Ҳайати Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон, изҳори умед намуд, ки Созмон ва ниҳодҳои марбутаи он ба қазияи Афғонистон минбаъд низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *