Кумаки фаннии Русия ба Агентии омори Тоҷикистон

Тоҷикистон барои таҳлили маводҳо баҳри барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҷумҳурӣ кумаки техникии зарурӣ ба даст овардааст.

Бино ба иттилои Сафорати Русия дар Тоҷикистон, Сандуқи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи тарҳе, ки аз сӯи Русия маблағгузорӣ мешавад, ба Агентии омори Тоҷикистон кумак кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар хариди нармафзори иҷозатномадор барои коркарди маълумот дастгирии техникӣ расонида шудааст. Барномаҳои ABBY FINE READER, MS Windows ва MS SQL ҳамчун кумак ба ҷониби Тоҷикистон дода шудаанд.

— Дар чаҳорчӯбаи тарҳи «Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад, Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ба Агентии омор кумаки фаннӣ расонд,- мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *