Кумаки молии Амрико се баробар меафзояд
Амрико ҳаҷми кумакҳои молиро ба Ӯзбекистон дар ду соли охир се маротиба афзоиш додааст. Дар ин бора дар ҷараёни машваратҳои сиёсии Амрикову Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд кафили ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ Элис Уэллс хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2016 Вашингтон ба Тошканд 10,1 миллион доллар кумаки молӣ расонида буд. Дар соли 2018 ин нишондод ба 28,1 миллион доллар расид.
Элис Уэллс гуфт, афзоиши кумакҳои молии ИМА ба Ӯзбекистон ба хотири пуштибонӣ аз барномаи ислоҳоти Тошканд аст.
Элис Уэллс 26 феврал бо ҳадафи ширкат дар машваратҳои сиёсии Амрикову Ӯзбекистон вориди Тошканд шуд. Уэллс бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ