Кумаки молии Русия барои бунёди роҳи оҳани «Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон»
Русия барои иҷрои тарҳи бунёди роҳи оҳани «Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон» 200 миллион рубл ҷудо кардааст. Дар ин бора президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков иттилоъ дод.
«Тасмими сиёсӣ гирифта шуд. Гуруҳи коршиносон фаъолият дорад. Ҷониби Чин розӣ шуд. Ман дубор аз Чин боздид кардам, ки дар ҷараёни ин сафарҳо гуфтугӯҳо дар бораи тарҳ анҷом дода шуд. Бо президенти Русия низ дар ин замина суҳбат доштем ва тасмими сиёсӣ гирифта шуд», — изҳор дошт Ҷеенбеков.
Ташаббуси бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ садо медиҳад. Вале то ҳол иҷрои он шуруъ нашуда буд. Бино ба арзёбиҳо харҷи он 6-6,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар пайи мушкилиҳои марзии кишвараш бо Қазоқистон гуфта буд, ки Бишкек бояд роҳҳои дигари бурунрафт ва дастёфт ба бозори беруниро пайдо кунад. Аз ҷумла, ӯ иҷрои ин тарҳро бисёр муҳим хонда буд.
Намояндагони се кишвар соли 2017 дар Тошканд созиш карда буданд, ки ҷанбаҳои техникиву иқтисодии тарҳро моҳи августи соли 2018 ва масоили молии онро то охири ҳамон сол баррасӣ ва ҳал кунанд. Он замон гуфта мешуд, ки се гузина баррасӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ