Кумаки низомии Русия ба артиши Абхозистон
Владимир Путин, президенти Русия ба ҳукуматаш дастур дод, созишномаи пардохти харҷи муосирсозии неруҳои низомии Абхозистони эътирофнашударо имзо кунад.
Ҳаҷми маблағе, ки дар муосирсозии артиши Абхозистон харҷ мешавад, ошкор нагардидааст.
Абхозистон минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон аст, ки баъди ҷанги соли 1993 бо Гурҷистон эъломи истиқлолият кард. Русия аз ҷудоихоҳии Абхозистон ҳимоят мекард ва дар соли 2008, баъди ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон, истиқлоли Абхозистонро эътироф кард. Гурҷистон минтақаҳои ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро аз сӯи Русия ғасбшуда медонад ва ҳамзамон Русияро дар вайрон кардани тамомияти арзияш айбдор мекунад.
Русия ҷумҳурии худхондаро ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ кумак мекунад.
Соли 2015 ситоди кулли Абхозистонро генерали Русия Анатолий Хрулев ба роҳбарӣ гирифт ва баъди чанде Думаи давлатии Русия муштараксозии артиши Абхозистону Русияро эътироф кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ