Кумаки Оғохон ба КҲФ-и Тоҷикистон
Агентии Оғохон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус кумаки моддӣ, аз ҷумла таҷҳизоти тиббӣ расонидааст.
Бахши намояндагии Оғохон дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кумаки моддӣ расонид, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, кумаки моддӣ иборат аз таҷҳизоти тиббӣ аз либосҳои махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб, сӯзандору, дастпӯш, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептик ва воситаҳои уфунатзудоӣ иборат мебошанд.
«Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Рустам Назарзода дар маросими супоридани воситаҳои тиббӣ ба сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ изҳори сипос карда, зикр намуд, ки кумаке, ки имрӯз дастрас шуд, ба пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон равона шудааст», — менависад КҲФ Тоҷикистон.
Ҳадӣ Ҳусайнӣ иброз намуд, ки агентӣ дар оянда низ аз талошҳои Тоҷикистон дар пешгирӣ аз густариши коронавируси COVID-19 пуштибонӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки кумакҳои мазкур бо мақсади пешгирӣ аз густариши COVID-19 пешбинӣ шуда, барои табобати ҳайати шахсии Кумита дар сурати мубтало шудан ба бемории мазкур истифода мешаванд.
Илова бар ин Агентӣ як мошини тамғаи «Ниссан»-ро, ки мутааллиқ ба Кумитаи мазкур буд, пурра таъмир карда, ба ихтиёри ин ниҳод гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ