Кумаки Президент ба зарардидагони Нурободу Рашт

Бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба 75 оилаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод ва 60 оилаи ноҳияи Рашт кумак расонида шуд.

Ин кумак аз орд, шакар, равғани растанӣ, нахуд, биринҷ, ҷав, картошка, сабзӣ, пиёз, рахти хоб – кӯрпа, рӯйпӯш, матрас, болишт, мӯзаи резинӣ, ароба ва бел иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло  рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар километри 140-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, деҳаи Сариқоши ноҳияи Нуробод, мавзеи пули деҳаи Яхак идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *