Кумакпулии Рустами Эмомалӣ ба иштирокчиёни ҶБВ, кӯчарӯбон ва ….
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба собиқадорон ва кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе кумаки пулии яквақтаина ҷудо карда шавад.
Раиси пойтахт дар бораи ҷудо кардани кумаки яквақтаина ба 51 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони сарбозону афсарони дар ин ҷанг фавтида дар ҳаҷми 900 сомонӣ ба ҳар кадоме қарор ба имзо расонид. 90 нафар кормандони Боғи Ғалаба ба маблағи 600 сомонигӣ кумаки якдафъаина мегиранд.
Ба сарбозони интернатсионалист ва иштиргокчиёни рафъи садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил аз буҷети шаҳр 500 сомонигӣ дода мешавад.
Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки ҳамаи кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳо, кӯчарӯбон, кормандони оромгоҳҳои пойтахт ҳар кадоме ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ