Кумитаи давлатии андоз барҳам мехӯрад

Бино ба иттилои манобеъ дар ҳукумати Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии андози ин кишвар аз моҳи оянда ҳамчун ниҳоди мустақил барҳам мехӯрад. Он минбаъд фаъолияти худро ҳамчун яке аз шуъбаҳои Вазорати молия ё Додситонии кулли Ӯзбекистон идома хоҳад дод.
Манобеъ мегӯянд, ин тасмим дар асоси фармони президенти Ӯзбекистон гирифта шуда, фаъолияти кумита сар аз 1 август ҳамчун ниҳоди мустақил қатъ хоҳад гашт.

Намояндаи Кумитаи андози Ӯзбекистон гуфт, ду-се моҳи охир сару садоҳо дар бораи қатъи фаъолияти ин ниҳод шунида мешуд. «Феълан ҳамин қадар маълум аст, ки дар ин бора фармони президент имзо шудааст. Ҷузъиёти он ҳанӯз маълум нест», — афзуд ӯ.

Як корманди ин кумита хабар дод, ки салоҳияти ҷамъоварии пули андоз ба зиммаи Вазорати молия ва назорати пардохти андозҳо ба зиммаи Додситонии кулли Ӯзбекистон вогузор хоҳад шуд.

Як масъули дигари кумита гуфт, фармони нави президенти Ӯзбекистон вазифаи кормандони андозро тағйир хоҳад дод. «Пештар агар кормандони андоз асосан санҷиш мегузарониданд, минбаъд онҳо танҳо пули андозро ҷамъ мекунанд. Президент мехоҳад, якбора шумори санҷишҳоро кам кунад. Ҳадафи фармони нав ҳам маҳз ҳамин аст», — илова кард ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *