Кумитаи олимпӣ Комроншоҳро 500 доллар мукофот дод

Бо қарори бюрои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо Комроншоҳ Устопириён барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия-2018, ки 6-8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия доир гашт, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 доллари ШМА қадрдонӣ шуд.
Комроншоҳ дар ин мусобиқа дар вазни -90 кг 4 ҳарифашро мағлуб сохта, дар қувваозмоии ниҳоӣ чемпиони феълии ҷаҳон Неманҷа Маҷдови сербиро шикаст дода, сазовори медали тилло гардид.
Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар раддабандии вазни 90 килои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо аз ҷои ҳафтум ба ҷои чорум баромад.
Қобили зикр аст, ки Комроншоҳи Устопириён аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 700 доллари ШМА бархурдор буда, ҳамзамон дар радифи як қатор варзишгарони маъруф ва собиқадорони соҳаи варзиши кишвар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар ҳаҷми 400 сомонии моҳона дарёфт мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *