Кумитаи забон ба 826 номи ивазшавандаи ҳудуди Хатлон тавзеҳнома навиштааст
Дар соли 2022 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 25 номи маҳали аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин ба 826 номи ивазшавандаи ҳудуди вилояти Хатлон тавзеҳнома навиштааст.
Дар ин хусус раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод ва афзуд, ки тавзеҳномаҳо ба мақомоти дахлдор барои корбарӣ ва таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд.
Ҳамзамон, тавре зикр гардид, кумита дар соли гузашта ба 1334 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса додааст, ки аз он 785 нафар хулосаи рад, ба 467 нафар муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ, ба 74 муроҷиаткунандаи ақаллияти миллӣ ва 8 муроҷиаткунанда барои ивази ному насаб хулоса пешниҳод шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ