Кунио Микурия: Вазъи гумруки Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст

Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук гуфтааст, ки дар зарфи панҷ соли ахир дар натиҷаи истифода аз технологияи пешрафта сатҳи фаъолияти бахши гумруки Тоҷикистон боло рафтааст.

Ин нуктаро Кунио Микурия, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук рӯзи  23 сентябр зимни дидор бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат иброз доштааст.

Вай тавсия додааст, ки дар Тоҷикистон “Равзанаи ягонаи гумрукӣ” таъсис шавад. Ин иқдом метавонад роҳро барои ҷалби сармояи хориҷӣ боз кунад.

Президент Раҳмон таъкид кардааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

Ҷонибҳо масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди инфрасохтори гумрук, тайёр кардани кадрҳои соҳа ва баланд бардоштани савияи ихтисоси онҳоро муҳокима карданд.

Дар назар аст, дар ҷараёни дидори серӯза аз Тоҷикистон Кунио Микурия бо Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия ва Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллӣ дидор карда ва аз посгоҳҳои гумрукии “Терминал” ва “Дӯстӣ” дидан кунад.

Тоҷикистон дар соли 1997 ба Созмони умумиҷаҳонии гумрук пайвастааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *