Куриёи Шимолӣ «Ҷопонро зери об ва ИМА-ро ба хокистар табдил хоҳад дод».
Хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ таҳдид кард, ки дар посух ба таҳримҳои нави Шӯрои амнияти СММ, бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ «Ҷопонро зери об ва ИМА-ро ба хокистар табдил хоҳад дод».
Кумитаи сулҳи Осиё ва уқёнуси Ороми Куриё — масъули равобити хориҷӣ ва таблиғоти Куриёи Шимолӣ, Шӯрои амнияти СММ-ро «абзори бадӣ» унвон кард. Ин ниҳод гуфт, шӯро аз 5 кишваре иборат аст, ки бо пул хариданашон имкон дорад ва ҳамеша тартиби муқаррарнамудаи ИМА-ро иҷро мекунанд.
Дар иттилоияи хабаргузории марказии Куриёи Шимолӣ омадааст, «чаҳор ҷазираи Ҷопон бо шарофати бомбаи ҳастаӣ, ки дар асоси идеяи чучхе сохта шудааст, дар баҳр ғарқ хоҳанд шуд. Ҷопон набояд дигар дар канори мо мавҷуд бошад».
Чучхе идеологияи ҳоким дар Куриёи Шимолӣ аст, ки бунёдгузори он Ким Ир Сен — падарбузурги президенти кунунии ин кишвар буда, марксизм ва шакли ифротии миллатгароии инзивоталабонаро ба ҳам мепайвандад.
Вазъ дар Осиёи Шимолӣ баъди он бадтар шуд, ки Куриёи Шимолӣ рӯзи 3-юми сентябр озмоиши шашум ва нирӯмандтарини ҳастаиро анҷом дод. Шӯрои амнияти СММ, иборат аз 15 кишвар, қатъномаи Амрико алайҳи Пхенянро якдилона ҷонибдорӣ кард.
Ин санад содироти маҳсулоти нассоҷии Куриёи Шимолиро манъ ва интиқоли маҳсулоти нафтиро маҳдуд мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ