Курси омӯзишӣ дар Донишгоҳи миллӣ барои донишҷӯдухтарон

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030» курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.

Бино ба иттилои ДМТ, ифтитоҳи курси мазкур бо иштироки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. баргузор гардидааст. Мавсуф дар оғоз мухтасар перомуни аҳамияти гузаронидани курсҳои таълимии мазкур ва ҳадафи он сухан намуда, зикр намудааст, ки баргузории курси мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, инчунин, фаъолгардонии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

Зимнан, зикр карда шудааст, ки дар таърихи фаъолияти Донишгоҳи миллӣ аз заминаи сифр ташкил ва баргузор намудани чунин курси омӯзишӣ, аз сатҳи ҳуҷҷатгузорӣ то даъвати занони соҳибмақом дар сатҳи давлатдорӣ маротибаи аввал аст.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ аз фаъолияти донишҷӯдухтарони хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ, ки дар соҳаҳои гуногун ба ҳайси мутахассисони варзида, роҳбари мақоми болоии идоракунӣ, вазиру раис, вакили парлумон, сиёсатшинос, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ,  муҳандис, омӯзгор, ихтироъкор кору фаъолияти созгор доранду саҳми арзишманди худро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ гузошта истодаанд, ёдовар гаштааст.

«Итминони комил дорем, ки занону духтарони Донишгоҳи миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро идома медиҳанд»,- таъкид намудааст ректори донишгоҳ.

— Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар донишгоҳ 998 нафар зан кору фаъолият менамоянд, ки аз ин 416 нафар омӯзгор ва 582 нафар корманд мебошанд. Аз ҳисоби духтарон бошад, дар соли таҳсили 2022-2023-юм 9512 нафар донишҷӯдухтар таҳсил менамоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *