“Куртаи наврӯзиам тар мешавад…”
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар Душанбе рӯзҳои 20-21 март ҳав абриву боронӣ мешавад.
Баъзан боришот бо раъду барқ шадид хоҳад буд, мумкин аст жола борад. Ҳарорат 18-20 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар навоҳии тобеи марказ шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр боришоти барф пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад, рӯзҳои ид, ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2200 метр боришот борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат, раъду барқ ба амал меояд.
Дар ВМКБ дар ин рӯзҳо, ҳавои қисман абрнок, дар ғарби вилоят борон (шабона боришот борон, барф) дар ноҳияҳои алоҳидаи шарқии вилоят боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад.
Хатлониёнро низ рӯзҳои ид ҳавои номусоид интизор аст.Дар ин минтақа дар Наврӯз ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ