Кушодашавии Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар Ёвон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат иштирок намуданд.
Боз як иқдоми бузург ва талоши бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди бемайлони соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, паст кардани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикстон ва афзун намудани нишодиҳандаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар остонаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, самараи дилхоҳ ба бор овард. Ин навбат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияи аз лиҳози саноатӣ аллакай пешрафта Корхонаи бузурги истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
3-юми марти соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ниятҳои неку созанда барои таъмини рушди иқтидори истеҳсолӣ ва тараққиёти иқтисодии мамлакат, бо ҷои кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳимтар аз ҳама паст кардани сатҳи вобастагии Ширкати алюминии тоҷик «Талко» аз ашёи хоми воридотӣ, ҳамчунин мавриди истифода қарор додани имконияту захираҳои дохилӣ дар ин маҳаллаи саноатии ноҳияи Ёвон ба сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат санги асос гузошта буданд.
Дар ин рӯз яъне баъд аз шаш соли ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ дар роҳи расидан ба нақшаю ниятҳои манфиатбор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмачаи рамзӣ расман ба фаъолияти ин корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ