Кушта шудани 22 нафар дар пайи ҳамла корвони автобусҳо
Дар пайи ҳамла ба корвони автобуси паноҳҷӯён дар атрофи шаҳри Ҳалаб, шимоли Сурия, 22 нафар кушта шудаанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, шумори кушдашудаҳоро беш аз 24 нафар гуфтааст. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои давлатии Сурия аксҳоеро нашр карданд, ки афроди хобида дар рӯйи замин ва ҳамин тавр дуду оташро нишон медиҳад. Онҳо гуфтанд, як мошини бомбгузоришуда корвони автобуси сокинонеро қарор додааст, ки аз маҳалли таҳти назорати шӯришиён берун бурда мешуданд. Ин афрод пайравони шиа ва тарафдори ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия будаанд. Дар Сурия шаш сол боз даргириҳои дохилӣ идома дорад ва дар ин муддат тақрибан 300 ҳазор нафар кушта шуда ва миллиоҳо тани дигар гуреза шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ