Кушта шудани 22 нафар дар шимоли Афғонистон

Дар зарфи 24 соати ахир дар манотиқи шимоли Афғонистон ду инфиҷор рух дод, ки бар асари он 22 нафар, бо шумули 15 ғайринизомӣ ҷон бохтанд.

Аз ҷумла, рӯзи 27 ноябр дар натиҷаи бархӯрди мошин ба мина 15 нафар, ки 8 нафари онҳо кӯдакон буданд, ба ҳалокат расиданд.

Ба гуфтаи Абулҷаббор Наимӣ, раиси вилояти Кундуз, ин афрод тавассути мошин барои ширкат дар маросими арӯсӣ ба шаҳраки Хонобод дар ҳоли ҳаракат буданд.

Вай гуфт, ки мина аз ҷониби ҷангиёни Толибон гузошта шуда буданд. Ҷунбиши Толибон дар марвиди ин ҳодиса ҳанӯз ибрози назаре накардааст.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ неруҳои Ҷунбиши Толибон ба шаҳри Кундуз ҳамла карда, аммо ноком шуданд.

Бино ба иттилои Созмони Милал дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Афғонистон 2563 нафар кушта ва 5676 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дар вилояти Тахор, ки бо навоҳии Панҷ ва Фархори Тоҷикистон ҳаммарз аст, бар асари ҳамлаи ҷангиёни Толибон 7 нафар аз неруҳои амниятии Афғонистон ба ҳалокат расида ва 10 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *