Кушта шудани 6-то Марко Поло дар давоми сол

Саршумори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон ба 23 ҳазор адад расидааст. Абдуқаҳҳор Маскаев, мудири раёсати ҳифзи наботот ва ҳайвоноти Агентии ҳифзи муҳити зист гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ барои шикори 85 адади ин навъи гӯсфанд иҷозатнома дода хоҳад шуд, ки баробари миқдори саҳмияҳои соли гузашта мебошад. Ба эътиқоди ҷаноби Маскаев, шикори ин миқдор гӯсфандони нодир бидуни таъсири ҷиддие ба табиат сурат мегирад. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3 мавриди шикори ғайриқонунии ин ҷонвар дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон сабт шудааст.

Ба иттилои Абдуқаҳҳор Маскаев, ҳоло дар Тоҷикистон 2500 адад бузи пармашохи морхӯр вуҷуд дорад, ки барои шикори онҳо низ иҷозатномаи мақомоти зистмуҳитӣ зарур аст. Ба иттилои ин манбаъ, то соли 2005 дар Тоҷикистон 1300 адади ин ҷонвар вуҷуд дошт, ки ба иттилои коршиносони байналмиллалӣ дар пайи манъи шикори онҳо миқдорашон афзоиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *