Кушта шудани 8 қочоқбар бар дар марз бо Афғонистон
Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар марз бо Афғонистон 10 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар се моҳи аввали сол дар ин марз 8 қочоқбари афғон кушта ва 5 тани дигар дастгир шудаанд.
Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҷамъбасти фаъолияти худ дар семоҳаи аввали соли 2017 гуфт, ки дар моҳҳои январ – март дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо қочоқбарони маводи мухаддир 10 маротиба вориди задухӯрд шудаанд.
Дар як ҷаласаи бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи нирӯҳои марзбонӣ дар Кохи «Шараф” полковник Изатулло Файзуллозода, сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гуфт, дар се моҳи аввали сол «бо қочоқчиёни маводи мухаддир 10 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона суръат гирифта, аз ҳисоби қочоқчиёни афғон 8 нафар безарар ва 5 нафар дастгир карда шуданд. Ҳамзамон дар рафти чорабиниҳои оперативӣ 8 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ ба қочоқи маводи мухаддир даст доштанд дастгир гардиданд.”
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ мегӯяд, ба сурати умум дар се моҳи аввал сол танҳо аз тарафи мархбонони тоҷик аз қочоқчиён зиёда аз 340 кило маводи нашъаовар, 9 адад яроқи оташфишон, 121 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира шудааст. Дар ин се моҳ дар марзҳои Тоҷикистон 126 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва 73 нафар вайронкунандагони низомӣ сарҳадӣ боздошт карда шудаанд.
Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, «дар семоҳаи аввали соли 2017 тавасссути нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ 754 972 нафар шаҳрвандон, 31 102 адад воситаҳои нақлиёт гузаронида шуда, дар натиҷа 85 нафар вайронкунандагони низом дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 нафар шаҳрвандони дар кофтуков буда дастгир шуда ба мақомотҳои дахлдор супорида шуданд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ