Кушта шудани Азизуллоҳ Корвон аз ҷониби Толибон

Мақоми баландпояи пулиси Афғонистон Азизуллоҳ Корвон шоми 28 июн аз тарафи Толибон кушта шуд. Ба гуфтаи Вазорати умури дохилии Афғонистон ӯ дар ҳоле ҳадафи тири Толибон қарор гирифт, ки ҳамроҳ бо хонаводааш дар минтақаи Макрориёни Кобул «пикник» дошт.

Сухангӯи Вазорати дохилӣ Наҷиб Дониш рӯзи 29 июн гуфт, Корвон -фармондеҳи воҳиди Нерӯҳои Вежаи Пулис дар шарқи вилояти Пактико- даҳҳо амалиёти низомиро алайҳи Толибон анҷом дода буд. Азизуллоҳ Корвон дар ин авохир аз чанд талоши суиқасд ҷон ба саломат бурд.

Ӯ бо нерӯҳои вежаи ИМА дар Пактико ҳармкории наздик дошт — гуфт Нодир Катавазӣ, намояндаи порлумон аз ин вилоят. Ба гуфтаи Катавазӣ ҳалокати Корвон зарба ба мубориза алайҳи шӯришгарон дар шарқи Афғонистон аст.

Масъулияти ҳамларо Толибон тавассути сухангӯи худ Забеуллоҳ Муҷоҳид бар дӯш гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *