Кушта шудани қочоқчии афғон дар марзи Тоҷикистон

  5 сентябр соати 19:55 дар минтақаи сарҳадии «Панҷ»задухӯрди мусаллаҳона бо гуруҳи 5 нафарии қочоқбарони афғон  рух додаст.

Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи раёсати марзбонии Тоҷикистонгуфтааст, марзбонҳо ҳангоми хидмат дар минтақаи тобеи дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷ” гуруҳи 5 нафарии марзшиканҳоро  ки ба интиқоли маводи мухаддир аз тарафи Афғонистон ба Тоҷикистон машғул будаанд мушоҳида кардаанд: “Қочоқчиёни мусаллаҳ ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накардаанд, ки дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад”.

Дар натиҷаи ин даргирӣ яке аз қочоқчиён кушта шуда, шарикони дигараш ақибнишинӣ кардаанд: “Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 39 кило маводи мухаддир, як яроқи оташфишони АК 7,62, 146 дона тири қутраш 7,62 бо 5 тирдон ва 1 телефони мобилӣ дарёфт карда шуд”.

Айни ҳол Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Хатлон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *