Кушташудани собиқ роҳбари ҷамъияти тоҷикони Магнитогорск
Тибқи гузориши расонаҳои русӣ, соҳибкор ва раҳбари пешини ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск рӯзи 15 декабр дар назди хонааш аз сӯи афроди номаълум кушта шудааст. Ба иттилои ин манобеъ, Асадулло Маҳмудов замоне ҳадафи тир қарор гирифтааст, ки бо мошинаш вориди майдончаи назди хонаи истиқоматиаш мешуд.
Кумитаи тафтишотии Русия ҳам гуфтааст, ки ҳоло ба таҳқиқи ҳодиса оғоз намуда ва дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи пулис гуфтаанд, ки эҳтимол меравад ин қатл фармоишӣ бошад, вале то ба ҳол сабаби ин ҳодиса эълон нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ