Куштор, дӯздӣ, занозанӣ ва чанд хабарҳои дигари ВКД

Ошкор шудани ҷинояти куштор дар ноҳияи Н.Хусрав

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Н.Хусрав ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 29-уми декабри соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Сангобаи ҳамин ноҳия бо ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Наврӯз вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо рӯймоли занонаи дар дасташ буда ӯро буғӣ карда, ба ҷӯйбори обгузари назди деҳаашон партофтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Расонидани ҷароҳати вазнин бо чӯбдаст

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда, шаби 27 ба 28-уми декабри соли 2018, тахминан соати 02:00-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Резгиф бо марди 31-солаи сокини деҳаи мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо чӯбдаст 1-маротиба ба сараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад

Ба Фондарё афтидани автомашинаи махсуси сӯзишворикашонӣ

Рӯзи 10-уми январи соли 2019, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи махсуси сӯзишворикашонии тамғаи «Мерседес-Бенс-Акстрос», Шарифов Муҳиддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Муминобод, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Чаннок-Хуҷанд-Душанбе», дар ҳудуди мавзеъи Чореи ноҳияи Айнӣ, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии тахминан 100-метр ба Фондарё афтидааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Шарифов М.Х. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

Дуздии навъҳои гуногуни машрубот аз хонаи истиқоматӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии хусураш, марди 68-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ даромада, аз он ҷо намудҳои гуногуни нӯшокиҳои спиртӣ, ки арзиши умумиашон 7657-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 22 ва 27-солаи сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *