Куштор дар Деваштич
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Деваштич, ки қаблан бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Ба гуфтаи кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Деваштич гумонбаршуда, рӯзи 27.11.с.2016, тахминан соати 23:30-дақиқа дар хонаи ҳамзисташ зани 23-солаи сокини ноҳияи мазкур, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо пиёлаи дар дасташ буда якчанд маротиба ба сараш зада, сипас бо дастонаш ӯро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Шарҳи ҳодисаро дар шумораҳои баъдии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа кунед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ